Расонаи иттилоотӣ
image

ҲАМЧУН РАМЗИ ОШТӢ: АКСИ ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВ БО ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ 05-июл, 13:36 142 0


Чоршанбе Чоршанбиев, размандаи маъруфи ММА аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанд сухани фикр нокарда ба забон овардаи ӯ баҳсҳои гармеро ба по кард, ҳамчун рамзи оштӣ дар саҳифааш дар Фейсбук акси худро бо парчами давлатии Тоҷикистон дар сари китфонаш нашр кард.
Чоршанбе аз ҳамаи тарафҳои баҳс даъват кард, “биёед, бо ҳамин акс ба ҳамаи ин ихтилофи назарҳои бемаънӣ ва суханони нолозим дар ҳаққи якдигар, ба ин ҳама ҷудо карданҳо ба минтақаҳо ва шаҳрҳо нуқта гузорем.”
Чоршанбиев дар идома навишт, ки “бо ин амал ман нишон додам, ки Ватани умумиамонро дӯст медорам.” Ӯ афзуд, “мо ҳама фарзандони як кишварем ва душманон ҳар қадар барои ҷудо кардан ва коштани тухми душманӣ дар байни мо талош кунанд ҳам, мо ҳамеша муттаҳид ва бародар боқӣ мемонем.”
 
Бисёриҳо аз ин амали Чоршанбе Чоршанбиев ва дасти оштӣ дароз кардани ӯ пуштибонӣ карда, ин иқдоми ӯро иқдоме шарофатмандона ва аломати ҷавонмардӣ номидаанд.
Музаффар Имомдод, яке аз фаъолони зодаи Бадахшон ба Чоршанбиев барои “суханони оқилонае, ки муттаҳид сохтани тамоми ҷомиаро ба ҳадаф доранд”, изҳори сипос кард.
 «Ана акнун ҳамватани ман аз ақли солим кор гирифт. Умедворам, акнун тамоми ихтилофи назарҳо ва баҳсҳо дар атрофи Чоршанбе ба поён мерасанд ва ҳамаи аҳли Тоҷикистон, бидуни истисно аз ӯ пуштибонӣ ва дар майдонҳои набард барояш мухлисӣ мекунанду ӯ бо ифтихор парчами кишвари моро баланд хоҳад бардошт!!!» – навиштааст Музаффар Имомдод.
Журналисти тоҷик Нилуфар Азиз  навиштааст: Чоршанбечон тоза аз аклу хирад кор гирифтӣ. Комгорӣ ёрат бод, фарзанди Точикистон!
Ҳамин тавр, Сафарбек Қурбонбеков ба Чоршанбиев барои ин иқдоми ҷавонмардонааш аҳсан хонда, навиштааст: Офарин, бародар. Зиндагӣ бе хатогӣ намешавад. Маълум ки хеле пухта ва обутоб ёфтаӣ. Бешубха тарафдоронат дучанд хоханд шуд. Ба пеш барои фатхи куллахои нав дар варзиш!
Идомаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба хотири онки ба оташи баҳсҳои, ба таъбири худи Чоршанбе Чоршанбиев, “бемаънӣ ва нолозим” дигарбора равған нарезад, аз ёдоварии тафсилоти баҳс худдорӣ мекунад. Ба гузашта салавот!
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Chorshanbe Chorshanbiev

На этом фото вы увидите меня (Чоршанбе Чоршанбиев), а на моего плечах висит флаг нашей республики (Таджикистан), так давайте же вместе с этой фото закончим все эти бессмысленные разногласия и ненужные слова в адрес друг друга , закончим все эти разделения на регионы и города,этим жестом я показал,что люблю нашу общую родину.
Мы все дети одной страны и как бы враги не желали нашего отделения и вражды между нами, мы всегда будем едины и братьями всегда будем стараться улучшать наш город!
Курбонбеков Сафарбек
Офарин, бародар. Зиндагӣ бе хатогӣ намешавад. Маълум ки хеле пухта ва обутоб ёфтаӣ. Бешубха тарафдоронат дучанд хоханд шуд. Ба пеш барои фатхи куллахои нав дар варзиш!
Muzaffar Imomdod
Мудрые слова, которые направлены на объединение всего нашего общества!!!
Вот, наконец-то я дождался здравого смысла от моего земляка. Надеюсь теперь все разногласия и споры вокруг Чоршанбе идут на нет и все таджикистанцы без исключения будут поддерживать и болеть за него на ринге за нашу общую страну и он будет поднимать флаг нашей страны с гордостью!!!
Браво!
Нилуфар Азиз
Чоршанбечон тоза аз аклу хирад кор гирифти. Комгори ёрат бод, фарзанди Точикистон!

Muzaffar Imomdod

Браво Чоршанбе!!!
Сегодня ты затыкал рот всем невежественным людям, что с одной стороны и что с другой стороны. А самое главное ты заткнул рот всем врагам нашего народа, которые хотели воспользоваться твоей популярности. Самые опасные враги, это всегда, внутренние враги, которые считают себя патриотами и выкрикивают пустые лозунги, чтобы вводить в заблуждение настоящих патриотов, либо отсеять их а сами получая деньги за это.
Больше мы не намерены терпеть таких провокаторов, которые сеют вражду среди наших земляков и граждан.
Хотел напомнить некоторым далёким людям от политики, что нельзя путать флаг страны, конституцию и герб страны с руководством страны.
Нужно с гордостью нести свой флаг, жить строго по закону своей страны, а политиков любить и не любит, уважать или не уважать, это личное дело каждого гражданина, но оскорблять целую нацию, отказаться от своего флага, это как минимум, недальновидность.
Очень своевременное заявление Чоршанбе придает силу, тем людям которые ссылаются на здравый смысл.
От всего сердца желаю всем таджикистанцев объединение во имя единства нашей маленькой и любимой страны, под названием ТАДЖИКИСТАН!


Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку