Расонаи иттилоотӣ
image

АЗ ТОҶИКИСТОН 10 ВАРЗИШГАР БА ОЛИМПИАДАИ ТОКИО МЕРАВАНД

ВАРЗИШ 05-июл, 06:24 135 0
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки ду узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов  низ барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтаанд. Тюрина ва Ишанов тавассути саҳмияи умумии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ имкони иштирок дар Бозиҳои олимпӣ дар сабқати шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метрро пайдо кардаанд.
Тибқи муқаррароти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки варзишгарони дараҷаҳои “А” ва “В” миёни мардон ва занон надоранд, иҷозат дода мешавад, ки дар яке аз мусобиқаҳои варзишӣ беҳтарин варзишгари мард ва занро пешниҳод намоянд.
Матлабҳои марбут





Тибқи раддабандии Федератсияи байналмилалии шиноварӣ, аз Тоҷикистон миёни бонувон Анастасия Тюрина бо 492 хол ва миёни мардҳо Олимҷон Ишанов бо 336 хол мавқеи болотаринро доштанд. Ҳарду ҳамчунин дар чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки  соли 2019 дар Корея доир шуд, иштирок доштанд. Иштирок дар ин чемпионат як шарти дигар барои ба даст овардани саҳмияи универсалӣ аз Федератсияи байналмилалии шиноварӣ буд.

Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (ДАР АКС) соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро низ ширкат карда буданд. Анастасия Тюрина, ҳамчунин иштирокчии 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон мебошад, ки соли 2018 дар Буэнос Айрес доир шуда буд.


Ҳамин тариқ, ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 10 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (гуштини дзюдо) ва Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов (шиноварӣ).

Бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Соли гузашта ин Олимпиада ба далели пандемияи коронавирус доир нашуд.
Соли 2016 дар Рио-де-Жанейро тими олимпии Тоҷикистон бо шарофати пирӯзии гурзандоз Дилшод Назаров  як нишони тилло ба даст овард. Вале Дилшод Назаров дар пайи як моҷарои допинг ҳаққи иштирок дар Олимпиадаи Токиоро аз даст дод. Худи варзишгар мутмаин аст, ки қурбони бозиҳои пасипардагӣ шудааст, вале натавонист дар додгоҳи варзишӣ дар Швейтсария ҳақ будани худро исбот кунад.

Дилшод Назаров
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку