Расонаи иттилоотӣ
image

АМАЛИ ХАЙРИ ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН ДАР АРАФАИ ИД: КУМАК БА 1045 ОИЛА ВА ДАСТУРХОНИ ИДОНА БАРОИ 700 САРБОЗ

ТОҶИКИСТОН 21-июл, 08:08 312 0
Соҳибкори шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил”,  ки бо амалҳои хайри худ ном баровардааст, дар арафаи иди Қурбон ба 1045 нафар дар ноҳияи  Шоҳмансур кумакҳои ғизоӣ расонда ва барои беш аз 700 аскару афсари Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дастурхони идона оростааст. Дар гузориши вижаи видеоӣ гуфта мешавад, ки аз бастаҳои ёриҳои ғизоии ин соҳибкор аз ҷумла кормандони тиб, омӯзгорон, ятимону барҷомондагон ва оилаҳои муҳтоҷ баҳраманд шудаанд. Ин бастаҳои ёриҳои ғизоӣ аз маҳсулоте, чун гӯшт, равған, орд, биринҷ, макарон ва маҳсулоти дигар иборат будааст Соҳибкор, тавре дар видео дида мешавад, ҳамин тавр, дар арафаи ид барои беш аз 700 сарбози қисми низомии №02615 вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастурхони идона оростааст. Дар гузориш чандин бор таъкид мешавад, ки ин амалҳои хайри Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов барои дигар соҳибкорони тоҷик низ бояд намунаи ибрат ва пайравӣ бошанд Ҳоҷӣ Маҳмудҷон, ки дар бозори сохтмони пойтахти Тоҷикистон аз соҳибкорони пештоз ба шумор меравад, бо амалҳои хайри худ машҳур шудааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки ин соҳибкори дастбахайр соли гузашта ба дастикам 5 оилаи муҳтоҷу маъюб дар кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Айнии Душанбе манзилҳои нав  бо тамоми шароит ва ҷиҳози лозим туҳфа карда буд. Моҳи июни соли ҷорӣ Ҳоҷӣ Маҳмудҷон ба як зани муҳтоҷ аз Турсунзода, ки бо ду фарзанди маъюбаш 25 сол боз  дар ба дари мардум зиндагӣ мекард, як ҳавлӣ бо тамоми ҷиҳозаш туҳфа карда, хонадор кардани писарони ин занро низ ба уҳда гирифт. Дар аввали моҳи июл хабар омад, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон ба як оилаи дигаре, ки 17 нафар, бо шумули 5 фарзанди маъюб, дар як ҳуҷраи танги хобгоҳ зиндагӣ доштанд, дар маркази шаҳр ҳавлӣ харида, низ бо тамоми ҷиҳози лозим барои рӯзгор таъмин кардааст. Соҳибкор ҳамчунин барои фарзандони ин хонавода, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор доштанд, чиптаи бозгашт харид, то ба назди наздикони худ баргарданд
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку