Расонаи иттилоотӣ
image

ДУХТАРИ СТАЛИН” АЗ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН 10-сен, 14:15 262 0




«ДУХТАРИ СТАЛИН»
Бознашр аз сомонаи "СССР”
МАМЛАКАТ - рустоидухтаре дар гӯшаи хаёл ҳам надоштки дар як зум маъруфу машҳури олам мегардадМиёнаи солҳои 30 - юми асри гузашта акси сарвари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин бо духтараки гуландоми рӯймоли шоли сафед ба сар дар матбуоти шӯравӣ ва ҳам ҷаҳонӣ ба нашр расидИн сурат дар фурсате сайри олам кард. Он акс аз саҳфаи рӯзномаҳо ба маҷалла ва пас ба китобҳои мухталиф кӯчидВаинак, 85 сол астки бо пахш намудани (ҷустаниноми Сталин дар шабакаҳои гуногуни интернетӣбаробар бо дигар аксҳои Сарвари давлати Шӯравӣ ин сурат низ падид меояд.
Аз замоне ки алоқаи электронӣ арзи ҳастӣ намудин акс ба гӯшаҳои дуродури ақсои олам ба парвоз омадТо ба ҳол болои ин акс қиссаву гуфторҳо зиёдандҚисмате ноогоҳ ин аксро «Сталин бо духтараш» низ унвон медиҳанд…
Агар нафаре асли гапро фаҳмидан хоҳадмегӯемки дарвоқеъдар он акси таърихӣИ.ВСталинсарвари давлати СССР бо пионери фаъол - тоҷикдухтар Мамлакат Наҳангова мунъакис шудаанд.
Ин ном дар аҳди шӯравӣдар Тоҷикистон ва ҳудуди СССРмаъруфу машҳур будОн сурат давроне дар гӯшаҳои таблиғотии идораву муассисаҳомактабу мақомоти мухталиф бармало метофтАммобо гузашти панҷ - шаш даҳсоли охир ин ном ками дар кам зикр меёбадҲарчанд он сурат дар ҳамаи шабакаҳо маҳфуз бошад ҳамИмрӯз кору пайкори қаҳрамони ин акс - Мамлакат Наҳангова ба ҷуз доираи муайяни мутахассисону муҳаққиқони забони англисӣшогирдон ва пайвандондар ёд намонда…
РУҶӮЪ
МАМЛАКАТ Наҳангова 6.4.1924 дар деҳаи Шоҳмансур, Ҷумҳурии Шӯравии Бухоро - ҳозира шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2003 шаҳри Душанбе), педагог, номзади илмҳои филологӣ.
Иштирокчии ҳаракати стахановӣ, яке аз созмондиҳандаҳои ҳаракати пионерии стахановӣ дар Тоҷикистон. Дар синни 11 - солагӣҳангоми пахтачинӣ бо нишондоди воло ном баровардаҶавонтарин ва якумин дар байни пионерон дорандаи ордени олии СССР - ордени Ленин (соли 1935).
Аз 11 нафар фарзандони оила танҳо Мамлакат (6.4.1924) ва хоҳараш Назокат зинда мондандПадараш бармаҳалҳанӯз то замони мактабрав шудани фарзандонашфавтида будМодараш Қурбонбибӣ аз хурдӣ Мамлакатро бо худ ба саҳро мебурд ва ӯ аз ҳамон овон ба модараш ёрӣ мерасонд.
Мактаби сохти нав ва идораи раёсати колхоз дар бинои масҷиди куҳнаи деҳаи Шоҳмансур қарор доштандВай дар ҳамин мактаб ба таҳсил оғозид.
Соли 1934 Мамлакатро ба сафи пионерӣ қабул намудандДар синни 10  11 - солагӣ Мамлакаталлакайдар ҷамъоварии пахта дар колхози ба номи Лоҳутӣҷамоати Шоҳмансури ноҳияи Сталинободи РСС Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзадАз рӯи маълумотвай дудаста чидани пахтаро хуб аз худ намуда, дар як рӯз то 70 - 80 килограмм пахта мечидҲоло он ки он айём барои калонсолон меъёр 13 кг буду онҳо то 15 кг пахта мечиданд…
ЁДДОШТ
МАМЛАКАТ баъдҳо мегуфт, ки калонсолон ба сари ҳисобчӣ омада ғавғо мебардоштанд: «Ту моро фиреб медиҳӣ, ба ин духтар барзиёд менависӣ…». Онҳо бо ин таҳдид қонеъ нашудапушт - пушти ман гаштабовар намекардандки ман чунин миқдор пахта мечинамБо ин ҳам онҳо ором нагирифта гап бофтандки«ӯ ғул дорад».
Дар яке аз митингҳои хоҷагӣ Мамлакат фаҳмидки шахтёре аз Донбасс Алексей Стаханов дар як басти корӣ 102 тонна ангишт кандастБо хоҳиши раиси колхоз Мамлакат дар назди колхозчиён баромад кардаэълом доштки ман ҳам дар як рӯз 102 килограмм пахта мечинам.
Баъзе ашхоси нотавонбин аз пайи таъқиби духтараки ҷавон шуданд. Чанд дафъа ӯро лат ҳам кардандДоимо метарсондандаш«Дигар аз меъёр зиёд пахта начинагар сар нафарорӣмекӯшем».
ТОҶИКДУХТАР
МАМЛАКАТ - номи духтараки тоҷик, пионери фаъол, сокини деҳаи Шоҳмансури колхози ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбеи ҶШС Тоҷикистон, ҳини дидор бо Сталин дар шаҳри Москва маҳбуби дилҳо гашт.
Моҳи декабри соли 1935 намояндагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, пешқадамони арсаи меҳнатро дар Кохи Кремл роҳбарони воломақоми ҳизбӣ ва давлатии СССР ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҳамин дидор қисмати зиёди пешқадамони хоҷагии қишлоқи умумииттифоқ бо мукофотҳои давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардиданд. Дар ин саф пахтачини моҳирпионердухтари тоҷик Мамлакат Наҳангова низ буд…
Мамлакат буду шид якчанд калимаи русӣ медонисту халосСуханон - меҳрномаи ӯро як хеши Анастас Микоянки тоҷикӣ меомӯхттарҷума мекардСталин ба Мамлакат аксероки вай дар байни аъзои Бюрои Сиёсӣ (СталинМолотовАндреевбо ҷомаҳои тоҷикӣ мунъакис ёфта будандтуҳфа намудДар пушти сурат Сталин чунин навишт: «Ба рафиқ Мамлакат Наҳангова аз ИСталин барои хониш ва кори хуб, 4.XII.1935».
Ҳамин хелМамлакати 12-сола ҳамчун пионери пешқадами пахтачин сар то сари давлати Шӯравӣ ном баровард.
ДИДОР БО СТАЛИН
МАМЛАКАТ 4 декабри соли 1935 бо Қарори Комитети Иҷроияи Марказии СССР сазовори ордени Ленин гашт.
Дидор бо Сарвари давлати Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин боз аз он ҷиҳат хотирмон гаштки духтаракаи қобили тоҷик бо доҳӣ акси хотиравӣ гирифтСталин ба ӯҳамчуноняк соати тиллоӣ эҳдо намуд.
Мамлакат дар навбати худ тарҷумаи тоҷикии китоби «Масъалаҳои ленинизм» -и ИВСталинро ба муаллиф ҳадия намудки доҳӣ аз ин инъом хеле ба ваҷд омад.
Боиси тазаккур аст, ки устод Абулқосим Лоҳутӣ «Мамлакат» ном шеърашро ба ифтихори сазовор гаштани Мамлакат Наҳангова бо ордени Ленин суруда буд.
ЁДВОРАИ ГУЛЯ КОРОЛЁВА
МАМЛАКАТ соли 1936 ба лагери пионерии «Артек» даъватнома гирифт. Ӯ дар ин ҷо бо пионерони ордендордар як отряд бо актрисаи ҷавон Гуля Королёва истироҳат мекард.
«Ин ҷо Мамлакат Наҳангова бо мост. Бале, худи худаш, ҳамонеки дар Тоҷикистон дудаста пахта чидааз калонсолон пеш гузаштаМамлакат дар шафати ман мехобадМо бо ӯ дар як отрядемВай аз ман хурд астМан имрӯз ордени Ленинашро дидамки ба Мамлакат дар Кремл додаандАкси худро мефиристам. Дар он ман бо Мамлакат ва Барасбӣ акс гирифтаем» (Аз номаи ГКоролёва ба падараш аз «Артек»соли 1936).
ДОНИШҶӮ
МАМЛАКАТ бо оғоз шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, хоҳиши ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафтанро кард, аммо ҷавоби рад гирифт. Соли 1942 вай дар ҷамъоварии бозичаҳо ва дигар ашё барои кӯдакони дар муҳосирабудаи Ленинград ширкати фаъолона варзид ва барои супурдани онҳо дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон ба Ленинград рафт.
Ӯ соли 1941 мактаби миёнаи №19 - и шаҳри Сталинободро поён бурда, тобистони соли 1943, муҳассили шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко шуд.
Пас аз итмоми курси якум, соли таҳсили 1944 - 1945, ӯро чун донишҷӯи боистеъдод, барои идомаи таҳсил ба Институти забонҳои хориҷии шаҳри Москва фиристоданд. Вале, соли 1946, бо сабаби бунёди оила ва сафари хидматии ҳамсараш Фёдор Валиев (афсари Шӯравӣ) ба Германия, таҳсилро мавқуф гузошт.
Баъди бозгашт аз хориҷасоли 1949 Мамлакат таҳсилро дар Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинобод идома бахшидСоли 1950 ӯро ҳамчун донишҷӯи фаъол ба узвияти ҳизби коммунист пазируфтанд.
ОМӮЗГОР
МАМЛАКАТ институтро соли 1952 бомуваффақият хатм намудҲамон сол ба сифати омӯзгори забонҳои хориҷӣ (англисӣдар донишкада ба фаъолият пардохт.
Рисолаи номзадиашро дар шаҳри Ленинграддар Институти забонҳои Академияи илмҳои СССР дар мавзӯи«Ҷонишин дар забони ҳозираи тоҷик» ҳимоя намуд (1971). Аз он ба баъдмуаллима солҳои зиёд вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои англисиро ба зимма доштҲамчун номзади илмдотсент якчанд китобҳои дарсиро аз фанни забони англисӣ барои мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ таълиф намудааст.
Тӯли фаъолияти омӯзгорӣ Мамлакат Наҳангова садҳо нафар шогирдонро соҳибмаълумот намудТо дами ба нафақа баромаданашдар институт ба тадриси донишҷӯён шуғл меварзид.
НАМОЯНДА
МАМЛАКАТ Наҳангова сар аз солҳои 40 - уми асри гузашта дар конгрессу конфронсҳои зиёде ширкат варзидааст. Аз ҷумла, соли 1945 ҳамчун намоянда аз миёни ҷавонони Осиёи Миёна дар конгресси ҷавонони ҷаҳон дар шаҳри Лондон иштирок ва суханронӣ намуда.
Соли 1955 ба ҳайси вакил дар Конфронси 5 - уми тарафдорони сулҳ (Москва), соли 1961 дар ҳайати вакилони СССР ба Чехословакия, соли 1973 дар ҳайати вакилони Ҷамъияти дӯстӣ ва мадании Тоҷикистон ба Бангладеш, соли 1975 бахшида ба 40 - солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, дар вохӯрӣ бо пионерони даврони ҷанг (Москва) ширкат варзидааст.
Ҳамчунонмуаллима солҳои 1959 - 1960 бо сафари корӣ дар Англия буд…
ИНСОНИ КОМИЛ
МАМЛАКАТ, ки ҳанӯз аз синни 12 - солагӣ шахси маълуму машҳур гашта буд, бо мурур, ҳамоно пуртамкину хоксор, инсондӯсту хушфеъл ва хушмуомила монд. Бо хислатҳои накӯ дар қалби пайвандон, ҳамкорон, шогирдон ва ошноҳо ҳамчун инсони комил мақом ёфт. Мавсуф, ҳамзамон, чун фарди донишманд ва дипломат дар ҷамъият мавқеи устувори хешро дарёфт.
Зиндагӣ, кору пайкори фарзанди обруманди тоҷик барои шогирдон, ҷавонон ва насли имрӯзу ояндаи кишвар меъёр, намунаи ибрат аст. Зеро муаллимаро даврони барҳаёт буданаш, ҳамкорон ҳамчун зиёии асил ва донишманди мумтоз мешинохтанду эътирофаш мекарданд. Ҳамон овон барои шогирдонаш чун омӯзгори асил ва инсони комил намунаи беҳтарин маҳсуб меёфт.
Ӯ соли 2003 дар синни 79 - солагӣ аз дунё чашм пӯшидИмрӯз муаллима бо мо нестаммо номи некаш дар қалби ҳазорон шогирдонҳамкорон ва дӯстону пайвандон мақом дорад…
Мамлакат Наҳангова узви Кумита оид ба равобити хориҷии Тоҷикистон будХидматҳои шоёнаш бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» «Аълочии маорифи СССР»медали ба номи НККрупская қадр шудааст.
Замони шӯравӣ ба ин ном - Мамлакат Наҳангова халқи тоҷик ифтихор мекардЗеро вай бо фаъолияти хубу шоистаи омӯзгорӣ ва ҷамъиятӣ номи тоҷиконро на танҳо дар қаламрави СССРбалки дар миқёси олам машҳур гардонда будАз ин рӯимрӯзиён низ бояд бо номи ӯ ифтихор намоянд.

Умари ШЕРХОН







Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку