Расонаи иттилоотӣ
image

Ташхиси равонӣ як марди 27-солаи зодаи Тоҷикистон ва сокини шаҳри Перми Русияро, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсари ҳомила ва падарарӯсаш айбдор мешавад, солим баровард.

САДОИ МУҲОҶИР 16-июл, 08:00 218 0
Ташхиси равонӣ як марди 27-солаи зодаи Тоҷикистон ва сокини шаҳри Перми Русияро, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсари ҳомила ва падарарӯсаш айбдор мешавад, солим баровард. Акнун ба ӯ барои куштори ду нафар ва кӯдаке, ки дар батни ҳамсараш буд, ҳукми абад таҳдид мекунад. Ин алакай ташхиси дуюми ҳолати равонии ин марди муттаҳам ба куштор буд. Ташхиси аввал дар Перм ба шакли амбулаторӣ анҷом дода шуд, вале натавонист муайян кунад, ки оё ин нафаре, ки ҳатто ба тифли батни модар раҳм накард, аз лиҳози равонӣ солим аст ё смариз? Барои ташхиси дуюм ӯро ба Екатеринбург бурданд ва ин ташхиси статсионаӣ ба хулосае расид, ки айбдоршаванда ҷавобгӯи амалу рафтораш ҳаст ва барқасд даст ба қатл задааст. Матлабҳои марбут Видео Муҳоҷирон 16.07.2021 ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БА ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ҲАМСАРИ ҲОМИЛА ВА ХУСУРАШ АЙБДОР МЕШАВАД (В…  Рӯзи 3 феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Есенин дар касабаи Заостровкаи шаҳри Перм ҷасади зани ҳомилаи 21-соларо дар дохили манзил ва ҷасади падари ӯро аз назди хона пайдо карданд. Бо иттиҳоми қатли онҳо хеле зуд шавҳари зани кушташударо дастгир карданд. Ин марди 27-сола дар бозори Заостровка ҳаммолӣ мекард ва шаҳрвандии дугонаи Русия ва Тоҷикистонро дошт. Ӯ аз соли 2012 дар Перм зиндагӣ мекард. Гумон меравад, ки сабаби куштор муноқишаи ӯ бо ҳамсараш шудааст. Бино ба як фарзия, гӯё зан мехост аз ӯ ҷудо шавад ва падараш низ тарафдори ҷудо шудани онҳо буд. Вале мард ба ин розӣ набуд ва масъаларо ба чунин шеваи бераҳмона ва хунин “ҳал” кардааст. Парвандаи ӯ бояд ба зудӣ ба додгоҳ супурда шавад. Ба ин мард тибқи қонунҳои Русия, ҳабси абад таҳдид мекунад. Вале войи ду кӯдаки хурдсоли онҳо, ки дар роҳи зиндагӣ сарсону бемутакко монданд. Вақте мард занашро кушт, писари онҳо ҳамагӣ якунимсола буду духтарашон ҳамагӣ чормоҳа… Манбаъ: Рифей. Ру  15/07/2021 ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 15 ИЮЛИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)  15/07/2021 БОЗДОШТИ СОКИНИ ФАРХОР ДАР НАТИҶАИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ВКД ВА … “МИНУ ФАРМ” 16.07.2021 ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУСИЯ БА ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ҲАМСАРИ ҲОМИЛА ВА ХУСУРАШ АЙБДОР МЕШАВАД (В…
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку