Расонаи иттилоотӣ
image

РӮЗИ ИД ДАР ХОНА 2 Ё 4 РАКЪАТ НАМОЗИ НАФЛ ХОНЕД: НАМОЗИ ИД ДАР МАСКАВ ИМСОЛ БА ШАКЛИ ОНЛАЙН ДОИР МЕШАВАД

САДОИ МУҲОҶИР 13-июл, 14:38 23 0
Шӯрои уламои Идораи мусалмонони Русия (ДУМ РФ) дар як ҷаласаи онлайнӣ 20 июлро ҳамчун рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷаи соли ҳиҷрии 1442 ва ҳамчун рӯзи таҷлили иди Қурбон муқаррар кард. Вале дар фатвои Шӯрои уламо тасмим ба ин шуд, ки “ба сабаби вазъи мураккаби эпидемиологӣ ва ба хотири роҳ надодан ба паҳншавии бемории коронавирус дар байни диндорон”,  намози ид танҳо дар масҷиди ҷомеи Маскав (маъруф ба масҷиди “Проспект Мира”) ва он ҳам бо иштироки теъдоди хурди рӯҳониён ва кормандони Идораи мусалмонон баргузор карда шавад. Маркази матбуоти Идораи мусалмонони Русия  гуфт, намозгузорони дигар ба намози ид дар масҷиди ҷомеи Маскав роҳ дода намешаванд, вале ҷараёни намози ид ба таври мустақим тавассути шабакаи телевизионии “Россия 1” намоиш дода хоҳад шуд.
Шӯрои уламо ҳамчунин қарор кард, ки дар масҷиди таърихӣ дар маркази Маскав ва дар масҷиди Мемориальная дар кӯчаи Минск намози иди Қурбон доир карда нашавад.
Матлабҳои марбут




Шӯрои уламо гуфт, идораҳои мусламонон дар вилоятҳои Русия дар бораи баргузор кардан ё накардани намози ид бо назардошти вазъи эпидемиологӣ дар минтақаашон мустақилона тасмим хоҳанд гирифт, вале ба онҳо тавсия дода шудааст, ки намози идро имсол баргузор накунанд.
“Ба ҳамаи мусалмонон лозим аст, ки фазои идонаро дар хонаҳои худ, дар ҳалқаи оилаҳои худ фароҳам сохта, ба шакли онлайн мавъизаи идонаи муфтиро гӯш кунанд ва дар анҷоми хутба худашон мустақилона ду ё чор ракъат намози нафл бихонанд”, – гуфта мешавад дар фатвои Шӯрои уламои Идораи мусалмонони Русия.
То пандемия дар намозҳои ид дар масҷидҳои Маскав то 200 ҳазор нафар ҷамъ мешуд.
Имсол иди Қурбон дар Тоҷикистон низ рӯзи 20 июл ҷашн гирифта мешавад, вале дар ин бора, ки оё намози ид доир карда шавад ё на?, ҳанӯз тасмим нагирифтаанд. Соли гузашта ба иллати коронавирус намозҳои иди Рамазон ва Қурбон дар масҷидҳои Тоҷикистон доир нашуд, вале имсол ба намози иди Рамазон иҷозат дода буданд. Аммо дар ин байн вазъи эпидемиологӣ дар кишвар бадтар шуд ва мақомот эътироф карданд, ки Тоҷикистон ба мавҷи нави коронавирус дучор шудааст.

ДУМ РФ определило порядок праздничных мероприятий в день Курбан-байрама 20 июля 2021 г.


 
Духовное управление мусульман информирует о порядке совершения праздничной молитвы в честь Ид аль-Адха – Курбан-байрама 20 июля 2021 г. в Соборной, Исторической и Мемориальной мечетях Москвы. Ввиду сложной эпидемиологической обстановки, с целью не допустить распространения среди верующих коронавирусной инфекции, праздничная молитва состоится только в Московской Соборной мечети с участием духовенства и сотрудников ДУМ РФ. Иные лица в мечеть допущены не будут. Праздничная молитва будет транслироваться телеканалом «Россия 1».
В Исторической и Мемориальной мечетях Москвы в день Курбан-байрама праздничные молитвы не состоятся. 
Региональные духовные управления мусульман, входящие в состав ДУМ РФ, самостоятельно принимают решение о порядке проведения праздничной молитвы Курбан-байрам с учетом сложившейся эпидемиологической ситуации в своих регионах. 
В ходе заочного заседания 10 июля 2021 г. Совет улемов ДУМ РФ принял богословское заключение, в котором уточнил, что первый день месяца Зуль-хиджа 1442 года наступил с заходом солнца 10 июля 2021 г. Девятый день месяца Зуль-хиджа – День ‘Арафа – наступит 19 июля, десятый день месяца Зуль-хиджа и праздник Курбан-байрам – 20 июля. Одиннадцатый, двенадцатый и тринадцатый дни месяца Зуль-хиджа, дни ат-Ташрик, приходятся на 21, 22, 23 июля. 
«Согласно рекомендациям Роспотребнадзора, а также постановлению правительства Москвы (приложение № 1), в связи с угрозой распространения новой коронавирусной инфекции (2019-nCoV) праздничная молитва в Москве будет проводиться только в Соборной мечети с участием имамов, муэдзинов и заместителей муфтия. В других мечетях, а также местных религиозных организациях мусульман (МРОМ) праздничный намаз проводить не рекомендуется. Всем мусульманам следует создать праздничную атмосферу в своих домах, в кругу своей семьи, послушать в онлайн-режиме праздничную проповедь муфтия и по завершении хутбы самостоятельно совершить дополнительный намаз (нафиля) в два или четыре ракяата. Традиционно на федеральном канале «Россия 1» будет вестись трансляция праздничной проповеди председателя Духовного управления мусульман Российской Федерации, муфтия шейха Равиля Гайнутдина. Призываем всех прослушать данную проповедь, чтобы укрепить и усилить единство мусульманского сообщества Российской Федерации и СНГ», – говорится в богословском заключении.
Пресс-служба ДУМ РФ
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку