Расонаи иттилоотӣ
image

Фарзияи нави занозании муҳоҷирон дар "Кузминки": ду қирғизро тоҷикон корд заданд - навор

САДОИ МУҲОҶИР 13-июл, 14:18 128 0
Дар пайи занозании муҳоҷирон кормандони пулиси Маскав дасти кам 94 муҳоҷирро дастгир намуданд

 Дар қазияи занозании муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав як фарзияи дигар пайдо шудааст.
Бино ба гузориши шабакаи РЕН-ТВ, ин моҷаро пас аз он сар зад, ки рӯзи 11 июл дар ҳудуди Химки ду шаҳрванди Қирғизистон аз ҷониби тоҷикон корд хӯрданд.
Пасон, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон барои равшанӣ андохтан ба асли ин қазия дар назди метрои "Кузминки" вохӯрӣ таъйин намуданд, ки дар натиҷа вохӯрии онҳо ба занозанӣ табдил ёфт.

Гуфта мешавад, дар муноқиша дасти кам 180 нафар иштирок карданд ва пулис тавонист 94 иштирокчии ин бетартибиро дастгир кунад.
Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодиса ҳамчунин ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд ва феълан онҳо дар бемористон қарор доранд.
Бояд гуфт, феълан комилан маълум нест, ки ин муноқиша миёни муҳоҷирони кадом давлат сар задааст. Мақомоти Тоҷикистон ва ниҳодҳои вобаста ба кори муҳоҷирон дар Русия низ ягон иттилоеро пахш накардаанд.
Қаблан расонаҳои хабар доданд, ки занозанӣ миёни шаҳрвандони Қирғизистону Ӯзбекистон сар зад ва муҳоҷирони тоҷик низ дар ин бетартибӣ иштирок доштанд.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку