Расонаи иттилоотӣ
image

Як қад париданду тарки намоз накарданд: видеои намози иди Ғанию Абдуллоҳ ҳангоми таркишҳо

РӮЙДОДҲО 21-июл, 08:09 161 0

© youtube/The Digital Reporter
Навори намози иди Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ва мақомдорони дигари афғон ҳангоми таркишҳо ва ҳамлаҳои мушакӣ нашр гардидааст

Якчанд мушак дар назди Қасри президент дар маркази шаҳри Кобул ҳангоми намози дастаҷамъонаи идона таркиданд, гузориш доданд расонаҳои Афғонистон. Бархеи дигар мегӯянд, садои таркиши мошинҳои назди Қасри раисиҷумҳур буд.
Дар наворе, ки нашр шудааст, мақомдорони афғон аз садоҳои таркишу парвозҳои мушакҳо як қад париданд, аммо тарки намоз накарданду ибодаташонро идома доданд. Танҳо нафаре ҳайрону парешон сарашро дошта, атрофу болоро нигоҳ карду баъдан ӯ ҳам боз ба намоз пайваст.
Бар асоси навор, танҳо ду нафар дар лаҳзаҳои таркиш тарки намоз намуданд, ки зоҳиран масъулини амниятӣ будаанд.
Масъулияти ин ҳамларо то ҳол гуруҳе ба дӯш нагирифтааст. Созмони мамнӯъи Толибон* изҳор доштааст, ки дар ин ҳамлаҳо даст надорад ва нерӯҳояш дар рӯзи ид дар мавқеи мудофиавӣ қарор доштанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку