Расонаи иттилоотӣ
image

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сар зад, ки дар натиҷа ду сарҳадбони қирғиз захмӣ шуданд

ҶОМЕА 09-июл, 07:38 155 0
Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сар зад, ки дар натиҷа ду сарҳадбони қирғиз захмӣ шуданд

 Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 8 июл, соати 14:55 дақиқа дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд иттифоқ афтод.
Гуфта мешавад, чор нафар сарҳадбонони Қирғизистон бо либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карданд.
Граница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021



Ҳадаф аз убури ғайриқонунии марз аз ҷониби сарҳадбонони қирғизро, КДАМ "аспдуздӣ" мегӯяд.
Зикр мегардад, ки сарҳадбонони қирғиз бо силоҳ мусаллаҳ буданд.
"Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд", - омадааст дар хабари КДАМ.
Манбаъ меафзояд, сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд.
" Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд", - таъкид мешавад дар хабари КДАМ

Феълан дар ҷойи ҳодиса мақомоти дахлдори ду давлат қарор доранд ва таҳқиқи ин қазия давом дорад.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку