Расонаи иттилоотӣ
image

Сафорат шарти вуруди шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистонро гуфт

МАЙДОНИ БАҲС 21-апр, 15:58 97 0


Равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сар аз 1 апрел боз аст ва парвозҳои мустақимро дар як ҳафта ду маротиба ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ва "Utair" анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ,   Шаҳрвандони Русия имкони вуруд шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, аммо бо як шарт, менависад ТАСС бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Ба иттилои манбаъ, шарти асосии вуруд шудани шаҳрвандони рус ба Тоҷикистон доштани ташхиси сиҳатӣ аз коронавирус аст.
"Шаҳрвандони Русия метавонанд ба Тоҷикистон сафар кунанд, аммо доштани ташхиси коронаиврус (ПЦР) ва ё варақае, ки ваксин гирифтани онҳоро собит мекунад, ҳатмист", - таъкид мешавад дар хабар.

Маврид ба зикр аст, ки сар аз 1 апрел равобити ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия кушода шуд.
Ҳоло миёни Душанбе ва Маскав дар як ҳафта ҳамагӣ ду парвози мустақим роҳандозӣ шудааст, ки онро ширкатҳои ҳавонавардии "Сомон Эйр" ва "Utair" анҷом медиҳанд.
Аз қабл нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз Русия самти Душанбе ҳудуди 150 доллар нархгузорӣ шуда буд. Аз самти баргашт нархи билет ҳудуди 350 доллар гуфта шуд. Аммо хоҳишмандони сафар ба Русия, аз камчинии билет ва нархи гарони он шиква мекунанд.

Sputnik.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку