Расонаи иттилоотӣ
image

28 ҳазор сомонӣ: нархи хидмати аскарӣ маълум шуд?

МАЙДОНИ БАҲС 04-мар, 13:57 342 0

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъали нархи хидмати аксарии алтернативӣ дар Тоҷикистон то кунун ниҳоӣ нашудааст. Аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки моҳи март ин мавзуъро ниҳоӣ мекунанд ва барои расонаҳо як нишасти матбуотии хос доир мекунанд. 
Аммо як манбаъ аз бахши низомии ҳукумати Тоҷикистон ба  «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ҳоли ҳозир танҳо як гузинаи ҳаҷми маблағ барои хидматчиёни эҳтиётӣ баҳс мешавад, ки 25 ҳазор сомонӣ аст. 
"Вале ин маблағ ҳадди ниҳоӣ нест ва то охири моҳи март дар ин маврид ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул мекунад",- гуфт манбаъ.
Бояд гуфт, ки порлумони Тоҷикистон 25 январ  таҳрири нави қонун "Дар бораи уҳдадории умуми ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ"-ро қабул кард, ки мутбиқи он  дар Тоҷикистон шакли нави хидмати аскарӣ барои хидматчиёни эҳтиётӣ ҷорӣ шуд. Ин шакли нав хидмат ба муддати як моҳро бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин ба хатмкунандаҳои донишгоҳу донишкадаҳо лозим мешавад, ки як сол дар артиш хидмат кунанд. Аммо "Радиои Озодӣ" бо такя ба чанд донишҷӯйи донишгоҳҳои Тоҷикистон навиштааст, ки ба онҳо гуфтаанд, ки шумо баъди хатм ё бояд 28 ҳазор сомонӣ супореду як моҳ хидмат карда  рутбаву билети ҳарбӣ бигиред ё як сол меравед хидмат мекунед. 
Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку