Расонаи иттилоотӣ
image

Бисёре аз мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аллакай истифодашуда буда, ба гуруҳи нақлиёти арзон шомиланд

МАЙДОНИ БАҲС 22-фев, 12:34 84 0
Соли 2020 ба ҷумҳурӣ 23 ҳазору 19 мошин ба маблағи 115,9 миллион доллар ворид карда шуд", - иттилоъ додаст Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Бар асоси ин омор нархи миёнаи ҳар мошини воридшуда 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Зимнан, дар соли 2019 теъдоди мошинҳои воридшуда 21 356 ададро ташкил дод, ки маблағи он 147,1 миллион доллар арзёбӣ гардид. Нархи миёнаи ҳар сабукрави воридшуда дар соли 2019 муодили 6,8 ҳазор доллар буд. 
Бисёре аз мошинҳои ба кишвар воридшаванда истифодашуда ва шомили гуруҳи мошинҳои арзон мебошанд.
Таъминкунандагони асосии мошинҳо дар Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Маъмултарин навъи сабукравҳо миёни тоҷикистониён тамғаҳои Opel, Hyundai, Toyota ва Mercedes мебошанд. Дар мавриди мошинҳои боркаш, онҳо ба кишвар асосан аз Чин оварда мешаванд. Пештар хабар дода шуд, ки дар давраи пандемия дар Тоҷикистон воридот ва содироти мошинҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.

Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку