Расонаи иттилоотӣ
image

Русия шарти вуруди донишҷӯёнро эълон кард

МАЙДОНИ БАҲС 17-фев, 08:48 162 0
ДУШАНБЕ,  Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки Русия бо онҳо ҳаракати ҳавопайморо аз сар гирифтааст, барои роҳ ёфтан ба дарсҳо бояд аз ду озмоиш барои муайян кардани коронавирус гузаранд, хабар додааст сомонаи расмии "Роспотребнадзор".


"Донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳое, ки ҳаракати ҳавоӣ бо онҳо аллакай барқарор карда шудааст, барои муайян кардани COVID-19 бояд ду бор аз ташхис гузаранд", - навиштааст манбаъ.
Таъкид шудааст, ки озмоиши якум бояд на кам аз се рӯзи тақвимӣ то омадан ба Федератсияи Русия ва дуюм дар давоми 72 соат пас аз ворид шудан ба Русия анҷом дода шавад.
Қайд карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои тиббии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии санҷиш, ки пеш аз вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия ба даст оварда шудаанд, метавонанд бо забонҳои русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шаванд. Инчунин баъд аз вуруд, то ба даст овардани натиҷаҳои озмоиши дуюм донишҷӯён бояд низоми гӯшанишиниро риоя кунанд.
Феълан Русия ҳаракати ҳавопаймоиро бо 21 кишвар, аз ҷумла Туркия, Танзания, Швейтсария, АМА, Малдив, Миср, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Сербия, Куба, Ҷопон, Сейшел, Эфиопия, Ветнам, Ҳиндустон, Қатар, Финляндия, Юнон ва Сингапур барқарор кардааст. 
Бо Тоҷикистон ҳанӯз парвозҳои мунтазам барқарор нашудаанд. Барои муайян кардани вазъи эпидемиологӣ интизор меравад, ки ҳайати "Роспотребнадзор" ба Тоҷикистон сафар кунаду хулосаи худро ироа созад.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку