Расонаи иттилоотӣ
image

ҚАЛЛОБӢ

ИҚТИСОД 02-июл, 13:33 20 0
ҚАЛЛОБӢ
01.07.2021 парвандаи ҷиноятӣ таҳти №2331 бо моддаи 247 қ.4 КҶ ҶТ нисбати ш-дон; Тоҳиров Иномҷон Зоҳирович 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Н.Хувайдуллоев х.115, пеш бо моддаи 247 КҶ ҶТ суд шудааст ва Собитов Нуъмонҷон Туйчиевич 1967 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. ҷ/д Исфисор, маҳаллаи 7-ум, пеш бо моддаи 247 КҶ ҶТ суд шудааст оғоз карда шуд. Номбурдагон санаи 14.02.2021 сол бо роҳи фиреб ба боварии ш-нд, Насимов Комилҷон 1953 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. шаҳраки Ғафуров, кӯч.  Ленин х.39, ҳ. 27 даромада, бо баҳонаи ҷудо намудани 0,12-га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди н.Б.Ғафуров аз ӯ 15.000- доллари ИМА-ро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидаанд.  
 
01.07.2021 аризаи ш-нд, Абдулазимова Шаҳноза Абдувалиевна 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Ҳ.Нав х.131 ворид гардид, ки санаи 15.03.2021 сол ш-нд, Носирова Нозанин Хуршедовна      2003 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқ. кӯч. Яккачинор х.144/2, ҳ.19 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад гарданбанди тиллогинро, ки арзишаш 65.000-сомониро ташкил медиҳад гирифта, то ҳол гарданбандро барнагардонидааст. 
 
АЗОНИХУДКУНИИ МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОН
01.07.2021 нисбати ш-нд, Муҳаммадиева Гавхар   Яздоновна 1961 с/т, миллаташ тоҷик, истиқ. кӯч. 50-солагии Тоҷикистон х.95 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуд, ки ӯ аз соли 2019 то инҷониб дар вазифаи раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Оби тоза»-и ш.Панҷакент фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш аз шаҳрвандони маҳаллаи 10-солагии Истиқлолият маблағи  истифодаи   оби нӯшокиро ба маблағи   96.401-сомонӣ ҷамъ намуда, аз он маблағ 40.330-сомониашро азонихуд намудааст.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку