Расонаи иттилоотӣ
image

ЧАРО НАРХИ ЧИПТАИ ПАРВОЗ ТО РУСИЯ ТО 1500 ДОЛЛАР ШУД? ШАРҲИ РАИСИ АГЕНТИИ АВИАТСИЯ ГРАЖДАНӢ

ИҚТИСОД 24-июн, 13:00 352 0
Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар як посухи расмӣ ба нашрияи “СССР” сабабҳои ба осмон хестану ҳатто то ба 1500 доллар расидани нархи парвозҳо ба Русияро шарҳ додааст.
Тавре Икром Субҳонзода мегӯяд, Русия аз 1 апрел роҳҳои ҳавоияшро бо Тоҷикистон боз кард. Ба ҷуз 2 парвози мунтазам, ки ҳар ҳафта иҷро мешуд, тавофуқ ҳосил шуд, ки теъдоди парвозҳои чартерӣ ҳам афзоиш дода шавад. Аммо тартиби парвозҳои чартерӣ тағйир наёфт, яъне, мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия фақат ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ва аз Русия ба Тоҷикистон фақат ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикӣ метавонанд интиқол диҳанд. 
7 ширкати Русия – “Северний ветер”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” барои анҷоми парвозҳо иҷозат гирифтанд. Аммо, мегӯяд Субҳонзода, ин ширкатҳо бо сӯиистифода аз зиёд будани хоҳишмандони парвоз ва маҳдуд будани теъдоди парвозҳо қимати чиптаҳоро бо нархҳои гарон ба фурӯш гузоштанд.
“Аз ин вазъ гурӯҳҳои судҷӯ ба нафъи худ истифода бурда, камбуди чипта ва талаботи зиёди мусофиронро беинсофона ва ғайриахлоқӣ ба манбаъи даромади худ табдил доданд. Кор ба ҷое кашид, ки қимати 1 чипта то ба 1500 доллари ИМА расид. Чунин амали ноодилонаи баъзе аз ширкатҳо ба он оварда расонид, ки шаҳрвандонамон барои харидорӣ кардани чипта бо нархи гарон маҷбур мешуданд, ки аз бонкҳои тиҷоратию дигар манбаҳо қарз гирифта, чипта харидорӣ кунанд. Ин ҳол на фақат мусофирон, балки мақомоти Тоҷикистон, пеш аз ҳама Агентии авиатсияи гражданиро ба ташвиш овард”,– таъкид кардааст Икром Субҳонзода.
 Ӯ меафзояд, Агентии авиатсияи гражданӣ ду дафъа -22 апрел ва 17 май – ба ширкатҳои русӣ  зарбулаҷал (ултиматум) гузошт, то нархҳояшонро ба таври оҷил пойин баранд.
“Дар ҷаласае, ки рӯзи 22 апрел баргузор гардид, мо аз намояндагиҳои ширкатҳои “Уралские авиалинии”, “Ют Эйр”, “Сибир” ва “Северний ветер” хостем, ки нархномаи худро пешниҳод кунанд. Онҳо нархи максималиро дар ҳадди 8,5 ҳазор сомонӣ пешниҳод намуда, протокол имзо карданд, аммо вазъ тағйир наёфт: аз шикояти мусофирону таҳқиқи худи Агентӣ маълум шуд, ки чиптаҳо ҳамоно гарон фурӯхта мешуданд. Дар асоси арзу шикоятҳои зиёд 11.05.2021 Агентӣ  аз ширкатҳои “Сибир” ва “Северний ветер”  қатъиян дархост намуд, ки таъҷилан барои паст кардани нархи чипта чораҳои дахлдор андешанд, дар ҳолати иҷро накардани дархост оид ба паст кардани арзиши чипта, масъалаи амалишаваии парвозҳои минбаъдаи ин 2 ширкат аз 14.05.2021 бе баррасӣ хоҳад монд.  Ин ҳама иқдом танҳо бо мақсади паст кардани арзиши чипта, ҳимояи ҳуқуқи мусофирон/шаҳрвандони кишварамон ва имконият пайдо кардани онҳо ба чиптаҳои арзону дастрас роҳандозӣ карда шуда буд”,  гуфтааст директори Агентӣ.
Инчунин, ба ҳамаи ширкатҳое, ки парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Русия анҷом медиҳанд, санаи 18.05.2021 мактуби расмӣ  ирсол ва талаб шудааст, ки чиптаҳояшонро  аз 450-500 доллар зиёдтар нафурӯшанд. 
 Ба гуфтаи Субҳонзода,  танҳо “Северний ветер” ба дархостҳои чандинкаратаи Агентӣ ҷавоби саривақтӣ пешниҳод накард.
Ба болои ин, ин ширкат мактуб пешниҳод намуд, ки чиптаҳояшро аллакай то охири моҳи май бо нархи пешин фурӯхтааст ва аз Агентӣ иҷозат хост, ки парвозҳо то охири моҳи май тибқи низоми пешин амалӣ карда шавад.   Аз ширкати мазкур иловатан дархост карда шуд, ки барои паст кардани нархи чипта дар доираи 450-500 доллар чораҷӯӣ карда, инро бо мактуби расмӣ тасдиқ кунад. Дар асоси дархостҳои чандинкаратаи Агентӣ ширкати болозикр рӯзи 25.05.2021 ба Агентӣ мактуби расмӣ пешниҳод карда, оид ба паст кардани арзиши чипта розигии худро баён намуд ва дар ин асос парвозҳояш пурра барқарор карда шуд”, – мегӯяд Субҳонзода.
Ӯ ҳамчунин аз бемасъулиятии ширкати “Северний ветер” интиқод карда, гуфтааст, “Северний ветер” пас аз иҷозат додани парвозҳо ба мусофирони тоҷик чиптаҳоро ба ду шаҳри Россия (Қазон ва Уфа) фурӯхта,  онҳоро аз фурудгоҳи Хуҷанд ба фурудгоҳи Қазон фароварда, он мусофиронеро, ки то Уфа чипта доштанд, ба нуқтаи ниҳоӣ нарасонида, нороҳатию саргардонии мусофиронро ба миён овардааст. Ҳамин тавр, мусофиронеро, ки ба хатсайри Бохтар – Маскав  чипта доштанд, ширкати “Северний ветер” аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Самара интиқол дода, онҳоро дар ними роҳ сарсону саргардон кардааст, – гуфтааст раиси Агентӣ. 
Икром Субҳонзода таъкид кардааст, ки маҳз бо талошҳои бевоситаи Ҷаноби ОлӣПрезиденти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло нархи чипта аз 1000-1200 ба 500 доллари ИМА поён фаромадамусофирон ба самти Россия бе мамониат сафар намуда истодаанд.”
Вале садҳо мусофире, ки ба Русия сафар мекунанд, иддаои то 500 доллар пойин фаромадани нархи чиптаҳоро рад мекунанд. “Бо чунин нарх танҳо ду ило се моҳ пеш аз парвоз метавон чипта пайдо кард, яъне агар шумо ҳоло барои поёни моҳи август ё барои сентябр чипта фармоиш диҳед, шояд ба 500 доллар пайдо кунед. Вале агар шумо бихоҳед ки зудтар чипта бихаред, нархҳо аз 8700 – 8800 сомонӣ сар мешаванд, ки ин қариб 800 доллар аст, на 500”, – мегӯянд мусофирон.

ИКРОМ СУБҲОНЗОДА: МУҲИМ МАНФИАТИ МУСОФИР АСТ!

Бознашр аз сомонаи “СССР”
 Икром Субҳонзода, раиси Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар ҷавоб ба 2 мақолаи газетаи “СССР” аз 20.05.2021 ва 3.06.2021, ки оид ба вазъи баамаломада вобаста ба арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии “Северный ветер” ва сиёсати авиатсионии кишвар нашр шуда буд, ба идораи редаксияи газета посухҳои мушаххас ирсол намуд. 
Аз афзоиши парвоз то нархи гарон
   Тавре Икром Субҳонзода мегӯяд, Федератсияи Россия аз 1 апрели соли равон роҳҳои ҳавоиашро бо Тоҷикистон боз кард. Ба ҷуз 2 парвози мунтазам, ки ҳар ҳафта иҷро мешавад, тавофуқ ҳам ҳосил шуд, ки теъдоди парвозҳои чартерӣ ҳам афзоиш дода шуда, шаҳрвандонамон метавонанд озод ба Россия парвоз кунанд. Аммо низоми парвозҳои чартерӣ тағйир наёфт, яъне, мусофиронро аз Тоҷикистон ба Россия ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ва аз Россия ба Тоҷикистон ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикӣ интиқол медиҳанд. 
   – Ҳамин тавр, ширкати “Северний ветер” бо дигар ширкатҳо-“Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” ба Агентии авиатсияи гражданӣ муроҷиат карда, иҷозаи фаъолият пайдо намуд ва парвозҳои худро ба роҳ монд.  Аммо ширкатҳои мазкур қимати чиптаҳоро бо нархҳои гарон ба фурӯш гузоштанд. Сабаб ин буд, ки теъдоди хоҳишмандони парвоз хеле зиёд, аммо парвозҳо маҳдуд буданд. Аз ин вазъ гурӯҳҳои судҷӯ ба нафъи худ истифода бурда, камбуди чипта ва талаботи зиёди мусофиронро беинсофона ва ғайриахлоқӣ ба манбаъи даромади худ табдил доданд. 
   Вақте қимати чиптаҳо боло рафт, ин норизоиятии мусофиронро ба вуҷуд овард ва теъдоди зиёди онҳо ба Агентӣ муроҷиат карданд, шикоятҳои онҳо дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ дар шакли навишторӣ ва дидорӣ (видеоӣ) низ баён шуд. Кор ба ҷое кашид, ки қимати 1 чипта то ба 1500 доллари ИМА расид. Чунин амали ноодилонаи баъзе аз ширкатҳо ба он оварда расонид, ки шаҳрвандонамон барои харидорӣ кардани чипта бо нархи гарон маҷбур мешуданд, ки аз бонкҳои тиҷоратию дигар манбаҳо қарз гирифта, чипта харидорӣ кунанд. Ин ҳол на фақат мусофирон, балки мақомоти Тоҷикистон, пеш аз ҳама Агентии авиатсияи гражданиро ба ташвиш овард,- таъкид дошт Икром Субҳонзода.
Агентӣчиптаро арзон кунед! 
   Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ бо иштироки намояндагиҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Россия якчанд маротиба ҷаласа баргузор намуда, аз онҳо қатъиян дархост намуд, ки ҷиҳати поён бурдани арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Дар акси ҳол, Агентӣ ҷиҳати бе баррасӣ мондани парвозҳои чартерии ширкатҳои Федератсияи Россия чораҳои дахлдор меандешад.
   – Дар ҷаласае, ки рӯзи 22 апрел баргузор гардид, мо аз намояндагиҳои ширкатҳои “Уралские авиалинии”, “Ют Эйр”, “Сибир” ва “Северний ветер” хостем, ки нархномаи худро пешниҳод кунанд. Онҳо нархи максималиро дар ҳадди 8,5 ҳазор сомонӣ пешниҳод намуда, протокол имзо карданд, аммо вазъ тағйир наёфт: аз шикояти мусофирону таҳқиқи худи Агентӣ маълум шуд, ки чиптаҳо ҳамоно гарон фурӯхта мешуданд. Дар асоси арзу шикоятҳои зиёд 11.05.2021 Агентӣ ширкатҳои “Сибир” ва “Северний ветер”-ро боз ба ҷаласа даъват карда, қатъиян дархост намуд, ки таъҷилан барои паст кардани нархи чипта чораҳои дахлдор андешанд ва мактубҳои расмӣ оид ба паст кардани арзиши чипта бо нархҳои қобили қабул ба Агентӣ пешниҳод кунанд, дар ҳолати иҷро накардани дархост оид ба паст кардани арзиши чипта, масъалаи амалишаваии парвозҳои минбаъдаи ин 2 ширкат аз 14.05.2021 бе баррасӣ хоҳад монд.
   – Ин ҳама иқдом танҳо бо мақсади паст кардани арзиши чипта, ҳимояи ҳуқуқи мусофирон/шаҳрвандони кишварамон ва имконият пайдо кардани онҳо ба чиптаҳои арзону дастрас роҳандозӣ карда шуда буд, – афзуд директори Агентӣ.
    Инчунин, санаи 17.05.2021 намояндагиҳои ширкатҳои “Уралские авиалинии” ва “Ют Эйр” низ даъват шуда, аз онҳо низ қатъиян дархост карда шуд, ки нархи чиптаро поён оранд ва чиптаро на зиёда аз 450-500 доллар фурӯшанд ва дар ҳолати поён нафаровардани арзиши чипта парвозҳои ин ширкатҳо низ аз 24.05.2021 бе баррасӣ хоҳад монд. Инчунин, ба ҳамаи ширкатҳое, ки парвозҳои чартериро аз Тоҷикистон ба Россия анҷом медиҳанд, санаи 18.05.2021 зимни як мактуби расмӣ дархост карда шуд, ки нархи чиптаро на зиёда аз 450-500 доллар фурӯшанд. 
   – Дар робита ба нархи чипта гуфтаниам, ки маҳз бо талошҳои бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло нархи чипта аз 1000-1200 ба 500 доллари ИМА поён фаромада, мусофирон ба самти Россия бе мамониат сафар намуда истодаанд, – таъкид дошт Икром Субҳонзода.
“Северний ветер” дер кард…
   Аз 2 ширкати болозикр, ки парвозҳояшон бе баррасӣ монд, 20.05.2021 аз ширкати “Сибир” ба Агентӣ мактуби расмӣ оид ба паст кардани арзиши чипта ворид шуд. Дар пайи ин, парвозҳои ширкат барқарор, ҳатто дархостҳояш оид ба афзоиш додани хатсайрҳо пурра қонеъ карда шуд.   Дар баробари ин аз ширкатҳои “Ямал” (15.05.2021), “Урал” (21.05.2021), “ЮТэйр” (24.05.2021) ва “Азур Эйр” (24.05.2021) мактубҳои расмӣ оид ба поён фаровардани арзиши чипта дар мӯҳлати пешбинишуда пешниҳод ва тамоми дархостҳои онҳо оид ба афзоиш додани хатсайрҳо қонеъ гардид. “Северний ветер” ба дархостҳои чандинкаратаи Агентӣ ҷавоби саривақтӣ пешниҳод накард. Ба болои ин, ин ширкат мактуб пешниҳод намуд, ки чиптаҳояшро аллакай то охири моҳи май бо нархи пешин фурӯхтааст ва аз Агентӣ иҷозат хост, ки парвозҳо то охири моҳи май тибқи низоми пешин амалӣ карда шавад.
   Аз ширкати мазкур иловатан дархост карда шуд, ки барои паст кардани нархи чипта дар доираи 450-500 доллар чораҷӯӣ карда, инро бо мактуби расмӣ тасдиқ кунад. Дар асоси дархостҳои чандинкаратаи Агентӣ ширкати болозикр рӯзи 25.05.2021 ба Агентӣ мактуби расмӣ пешниҳод карда, оид ба паст кардани арзиши чипта розигии худро баён намуд ва дар ин асос парвозҳояш пурра барқарор карда шуд.
Тайёраҳои калонҳаҷм
   Тибқи талаботи ҷории соҳавӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ба категорияҳои муайян дохил мешаванд ва ҳар як категория дорои имкониятҳои махсус мебошад. Фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи имконияту инфрасохтори мавҷуда, тибқи таснифоти Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), ба категорияи муайян дохил шуда, мисли тамоми фурудгоҳҳои рӯи дунё аз рӯи таснифоташон имконияти қабули ҳавопаймоҳои калонҳаҷмро бо маҳдудияти муайян дорад. Яъне ин қабил фурудгоҳҳо бо назардошти маҳдудият метавонанд навъи тайёраҳои нисбатан калонҳаҷмро қабул кунанд, аммо на ҳар рӯз, зеро таъмин намудани бехатарии парвозҳо ва риояи талаботи ҷории соҳавӣ вазифаи аввалиндараҷаи соҳавӣ буда, риоя нагардидани ин талабот дар фасли гармо, ки ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа болост, метавонад ба хатти нишасту парвози фурудгоҳҳо зиён оварад. 
Мусофирони саргардон…
   – Агар мушаххасан он даъвои ширкати “Северний ветер”-ро, ки мехост бо ҳавопаймои Боинг 777 беш аз 440 мусофирро интиқол диҳад, дар назар доред, Агентӣ ҷонибдори он аст, ки шаҳрвандони мо тавонанд арзонтар ва зудтар ба манзил расанд. Ширкати “Северний ветер” пас аз иҷозат додани парвозҳо ба мусофирони кишварамон чиптаҳоро ба ду шаҳри Россия (Қазон ва Уфа) дар алоҳидагӣ фурӯхта, аз ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” парвоз намуда, бо ҳавопаймои мазкур мусофирони ин 2 самтро бурда, дар фурудгоҳи Қазон фароварда, қисмати мусофироне, ки чиптаро мустақиман ба самти шаҳри Уфа харидорӣ намуда буданд, ба нуқтаи ниҳоӣ нарасонида, нороҳатию саргардонии мусофиронро ба миён овард. 
   Чунин ҳолат дар хатсайри самти Москва-Бохтар низ амалӣ шуд. Мусофироне, ки чиптаро мустақиман дар хатсайри Москва-Бохтар харидорӣ намуда буданд ва мебоист аз ҷониби ширкати “Северний ветер” аз ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” ба самти Москва интиқол дода мешуданд, парвоз дар ин хатсайр амалӣ нашуда, мусофирон аз ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” ба самти ш.Самара интиқол дода шуда, саргардонию нороҳатӣ ва сарфаи вақти иловагии мусофиронро ба миён овард, -афзуд раиси Агентӣ. 
Муҳимтар манфиати мардум
   Қайд кардан ба марид астки ки роҳбарияти Агентӣ доимо пуштибон ва тарафдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатамон будашабонарӯзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳадки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дар пешистодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузорад ва аз рӯзҳои аввали барқароршавии парвозҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҷонибдори он будки нархи чипта дар доираи арзиши аслӣ танзиму поён фароварда шавад ва барои тамоми шаҳрвандон/мусофирони хоҳишманд дастрасу арзон бошад. 
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ягон ширкат имтиёзи хос намедиҳадҲама ширкатҳои ҳавонавардӣ ҳуқуқшароит ва имтиёзҳои ягона дорандБарои мо муҳим ин астки онҳо манфиати мусофирини моро эҳтиром карданархи чиптаро дастрас ва арзон ба мусофирон пешниҳод намоянд ва талаботҳои ҷории соҳавиро риоят кунанд.
  – Бояд гуфт, ки сабаби шабу рӯз дар кӯчаву истгоҳҳо хоб будани мусофирон айби худи ширкатҳо мебошадзеро ба дархостҳои чандинкаратаи Агентӣ оид ба паст кардани нархи чипта розигии худро сари вақт надодаба хатсайрҳоеки иҷозати парвоз надоштчипта фурӯхтамусофиронро ба фурудгоҳҳо даъват намудандҲол онки мебоист барои паст кардани арзиши чипта сари вақт қарори дахлдор қабул намудаиҷозати парвозро гирифтабаъд аз ин мусофиронро ба фурудгоҳ даъват мекарданд.
   Мушкилоти пешомада дар ҳамлу нақли мусофирин аз паёмадҳои пандемияи COVID 19 ва хоси тамоми ҷаҳон астРоҳбарияти Агентӣ на фақат ҳамчун мансабдорбалки ҳамчун 1 инсон ҳамчунин мушкилиро ҳатто барои душманаш намехоҳадаммо барои ҳалли мушкил ва ҳимояти манфиатҳои мардуми Тоҷикистон ҳамеша дар хизмат буду ҳаст ва хоҳад монд, – таъкид дошт Икром Субҳонзода.
Омодасоз М.Аминзода, 
СССР
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку