Расонаи иттилоотӣ
image

Мотам дар хонаводаи Аловуддин Абдуллоев: бародараш нобаҳангом даргузашт

ФАРҲАНГ 30-июн, 07:15 415 0
Сафаралӣ Абдуллоев ҳамагӣ 59 сол дошт ва дар Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди президенти Тоҷикистон фаъолият мекард

 Сафаралӣ Абдуллоев, хизматчии давлатӣ, мутахассиси пешбари Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф, дорандаи медали “Ҷасорат" ва бародари ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев даргузашт, хабар медиҳад саҳифаи Фейсбукии "Омӯзгори ман".
Ҳамчунин корбарони Фейсбук низ аз даргузашти нобаҳангоми Сафаралӣ Абдуллоев хабар дода, ба бародараш Аловуддин Абдуллоев ва хонаводаи онҳо изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Тавре саҳифаи "Маорифи Тоҷикистон" дар Фейсбук менависад, Сафаралӣ Абдуллоев, мутахассиси пешбари Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ҳамагӣ 59 сол дошт.
"Аҳли эҷоди маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” аз марги ногаҳонии Сафаралӣ Абдуллоев, беҳтарин хизматчии давлатӣ, мутахассиси пешбари Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф, дорандаи медали “Ҷасорат”, инсони бофарҳангу суҳбаторо, пурмуҳаббату самимӣ андуҳгин буда, ба аҳли оилаи марҳум сабри ҷамил металабанд", - омадааст дар таъзия.
Манбаъ афзудааст, Сафаралӣ Абдулоев 8-уми августи соли ҷорӣ бояд ба синни 60 қадам мегузошт ва ҳамагӣ қариб як моҳ то зодрӯзаш вафот кард.
Яке аз ҳамкорони марҳум дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, Сафаралӣ Абдуллоев аз беморие ранҷ намекашид.
"Аз рӯи шуниди мо, дирӯз бегоҳӣ фишорашон баланд шудааст. Лекин аз саломатиашон шикояте надоштанд", - қайд кард вай.

Ҷанозаи Сафаралӣ Абдуллоев, имрӯз, 29 июн, соати 11 дар Душанбе баргузор шуд ва ӯро дар Бохтар ба хок супориданд.
Дилоро Юсупова, аз ҳамкорони дигари Абдуллоев, марҳумро чун инсони нексиришту ором ва сарсупурдаи диёраш тавсиф кардааст.
Сафаралӣ Ҷаъфарович солҳои дароз дар амнияти миллии кишвар ҳамчун роҳбар дар шаҳри Душанбе кору фаъолият карданд. Нафаре буданд, ки сарсупурдаи ҳамин диёр, бисёр инсони нексиришт ва ором. Мактаби сиёсӣ ва мардонагии худро доштанд. Ҷояшон ҷаннат бод", - менависад Юсупова.

Сафаралӣ Абдуллоев оиладор ва соҳиби 6 фарзанд, чор духтар ва ду писар буд.
Аловуддин Абдуллоев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон аст. Аловиддин Абдуллоев қаблан ба ҳайси директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов фаъолият дошт.
Ӯ бо барномаҳои телевизионии "Лазиз" ва "Шӯхиҳои Аловуддин" низ байни бинандагони телевизион машҳур аст.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку