Расонаи иттилоотӣ
image

Мақомоти шаҳрдории Панҷакент рӯзи 13 сентябр ба хонаводати Хосият ном наврасе, ки як рӯз қабл пеши роҳи мошини президентро гирифта орду равғану маҳсулоти дигар ва 10 ҳазор сомонӣ пул кумак расондаан

ДИН ВА ОЙИН 14-сен, 07:59 200 0
Мақомоти шаҳрдории Панҷакент рӯзи 13 сентябр ба хонаводати Хосият ном наврасе, ки як рӯз қабл пеши роҳи мошини президентро гирифта, номаи шикоятияшро шахсан ба дасти Эмомалӣ Раҳмон супурд, орду равғану маҳсулоти дигар ва 10 ҳазор сомонӣ пул кумак расондаанж Дар ин бора Умед Ҳабибов, раиси дастгоҳи шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Падари Хосият чанде пеш аз олам чашм пӯшидааст ва Хосияту модараш бесарпаноҳ мондаанд. Гуфта мешавад, Хосият дар номааш аз президент хостааст, ки ба онҳо барои соҳиби ягон сарпаноҳ шудан ваё ҷудо кардани ягон қитъа замин кумак кунад.
Рӯзи 12 сентябр Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими 5500-солагии Саразм аз Панҷакент боздид кард. Баъди ифтитоҳи меҳмонхонаи "Саразм Плаза”, вақте корвони мошинҳои президент тоза ба роҳ мебаромад, Хосият садди кормандони милиса ва амниятро убур карда, ба тарафи корвони мошинҳои президент давид ва "Пешвои миллат дар кадом мошин?” гуфта, фарёд кард. Муҳофизони президент талош кардаанд, ки пеши роҳи Хосиятро бигиранд, вале Эмомалӣ Раҳмон мошинашро манъ карда, амр додааст, ки "монед, биояд!” Хосият ба назди президент омада, бо эҳсос бо вай чанд ҷумла радду бадал кардааст ва як коғазро ба дасти президент супурдааст.
Ӯ номааш ба президентро аз қабл дар хонаи иҷораашон навишта, ба маҳалли боздиди президент омадааст, то шахсан номаашро ба дасти Эмомалӣ Раҳмон бидиҳад.
Корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон баъди суҳбати кӯтоҳи ӯ бо Хосият ва гирифтани номааш ба роҳи худ идома додааст. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент ба радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин нома феълан дар дасти баррасӣ қарор дорад.
Хосияту модараш аслан аз деҳаи Некнот буда, ҳоло дар Панҷакент ба сар мебаранд. Ӯ дар мактаби №71 бо баҳои аъло таҳсил мекунад.
Дар арафаи сафарҳои президент ба минтақаҳо, кормандони амният ва милиса тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, то афроде, ки метавонанд ба президент аз ягон чиз шикоят кунанд, ҳатто ба наздикии ӯ роҳ наёбанд. Бархе афроди шикоятчиро мақомот дар рӯзҳои боздидҳои президент ҳатто муваққатан ҳабс мекунанд ваё зери назорати шадид мегиранд, то ба тарафи маҳалли боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳаракат накунад.
Ба мулоқот бо президент дар маҳаллҳо маъмулан нафарони аз пеш тайёршударо роҳ медиҳанд, ки матнҳои аз пеш омода ва мувофиқатшударо мехонанд ва аз камбудиҳо аслан ҳарф намезананд.
Мавридҳои мисли ин наврас аз Панҷакент, ки касе тавонад садди кормандони интизомӣ ва амниятиро убур карда, ба назди президент роҳ биёбад, ангуштшуморанд.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку