Расонаи иттилоотӣ
image

ВИДЕОИ РАҚСИ МАНИЖАИ ДАВЛАТ

ЧЕҲРАҲО 04-янв, 06:54 2 529 0

Парвина Саидова, модели тоҷҷик дар Инстаграм видеои рақми Манижаи Давлат, овозхони шинохтаро нашр кардааст.  Дар ин видео дар як маърака Парвина ва Манижа ҳарду дар ҳавои як таронаи эронӣ рақс мекунанд.  Манижаи Давлат дар Инстаграм ба Парвина Саидова барои ташкили ин шабнишинӣ изҳори сипос карда, ин рӯзро яке аз хушбахттарин рӯзҳо дар зиндагии худ номидааст. Рӯзи 31 декабр зодрӯзи Манижа буд, вале Парвина посух додааст, ки ин на зодрӯзи Манижа, балки як шабнишинии оилавӣ буд.
Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, дар аввалҳои солҳои 2000-ум дар саҳнаи эстрадаи тоҷик зуҳур кард ва дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз ситораҳои раддаи аввал табдил ёфт.
 Аммо ӯ  дар соли 2006, вақте дар айни авҷи шуҳраташ қарор дошт, ба таври то ҳол мармуз тарки саҳна кард ва бо вуҷуди даъватҳои батакрори мухлисонаш, дигар барнагашт.
Манижаи Давлат дар баробари Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова аз ангуштшумор намояндагони насли нави овозхонони зан аз Тоҷикистон аст, ки берун аз Тоҷикистон, бахусус дар Афғонистону Эрон, Узбекистон ва дар минтақаҳои тоҷикнишини Чин шинохта шудаанд.
Манижа то ҳол дар ягон ҷо ошкор накардааст, ки сабаби чунин якбора тарки саҳна кардану гӯшанишин шуданаш чӣ ё кӣ буд?
Манижаи Давлат солҳои охир гоҳ-гоҳ оҳангҳое таҳия мекунад, ки овозхонҳои дигар месароянд, вале худаш дигар ҳунарнамоӣ намекунад.
Вале бо вуҷуди солиёни дурӣ аз саҳна то ҳол мухлисони вафодораш дар Тоҷикистон ва берун аз он хеле зиёданд.

Рақси Манижа Давлат ба навор афтод – видео 

Сарояндаи саршиноси тоҷик Манижа Давлат, ки солҳост тарки саҳна кардаву дар ягон чорабинии фарҳангӣ ширкат намекунад ва аз наворбардори дурӣ меҷӯяд, дар шабнишиние ба навор афтод
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ахиран мудели машҳури  тоҷик Парвина Саидова дар сториси instagram-аш навореро нашри кард, ки дар он ҳамроҳи Манижа Давлат зери навои эронӣ чарх мезананд.

Манижа Давлат дар навбати худ дар сториси instagram-аш барои ташкили ин шабнишинӣ аз Парвина Саидова сипосгузорӣ карда ин рӯзро аз хушбахтарин лаҳзаи ҳаёташ гуфтааст.
“Агар инсон мехостааст барои як лаҳзаи хушбахии дӯсташ, дар як шаб дар байни ҳамагӣ чанд соат чӣ корҳоеро иҷро намекардааст…Бо вуҷуди он қадар исрори на гуфтани ман, ту барои як шаб хурсандии ман хамаи инро муҳайё кардӣ, чанд сол буд, ки чунин хурсанд набудам…Дӯстам, хоҳарам аз ту миннатдорам, дили маро як лаҳза шод кардӣ бигзор Худованд шодии ду дунёро барои туву фарзандонат ато кунад”,- навиштааст Манижа дар саҳифаи instagram-и худ.

Корбарони интернет ҳадс задаанд, ки ин шабнишинӣ шояд зодрӯзи Манижаи Давлат бошад, ки 31 декабр ба дунё омадааст, вале Парвина Саидова дар посух ба ин савол гуфтааст, ки ин танҳо як базми хонаводагӣ буд.
Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-и шаҳри Кӯлобро хатм кардааст.
Соли 2006 бошад риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро поён бурдааст.
Манижа Давлат дар авоили соли 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омад ва дар фурсати кӯтоҳе миёни сокинони кишвар ва форсзабонҳо маҳбубият пайдо кард.
Ӯ дар соли 2002 консерти нахустини худро дар “Кохи Борбад”-и Душанбе баргузор карда, ҳамон сол албоми таронаҳояшро низ бо номи “Сарнавишти ман” пешкаши мухлисонаш кард.
Манижа аз камтарин овозхонҳое ҳаст, ки солҳои дароз дар саҳна нест, вале маҳмубияташ ҳамоно кам нашудааст.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку