Расонаи иттилоотӣ
image

ТӮЙЕ КИ БА МОТАМ ТАБДИЛ ЁФТ: ДУ АКСИ ПЕШ АЗ МАРГИ ДИЛОВАР ЗУҲУРИЁН (ВИДЕО ВА АКС)

ЧЕҲРАҲО 20-окт, 06:39 2 173 0
Ҷонӣ Сафарзода, як корбари фаъоли тоҷик ду акси охирини оҳангсози ҷавонмарг Диловар Зуҳуриёнро, ки чанд соат пеш аз марги ӯ дар тӯяш дар ноҳияи Данғара сабт шудааст, нашр кард. Дар яке аз ин аксҳо Диловар Зуҳуриён ҳамроҳи арӯсаш сабт шудааст ва дар сабти дигар овозхони шинохта Зикруллоҳ Ҳакимовро мебинем, ки Диловарро ба оғӯш кашида, ба муносибати издивоҷ табрикаш мекунад.
Диловар Зуҳуриён, ки аз ҳамсари якумаш ҷудо шуда, рӯзи 18 октябр бори дуюм издивоҷ кард, шаби 18 октябр, соати 23, дар натиҷаи як садама дар роҳи Данғара-Ваҳдат ба ҳалокат расид. Мошини "Мерседес”-е, ки Диловар Зуҳуриён дар он аз тӯяш аз Данғара ба Душанбе бармегашт, ба самти муқобили роҳ баромада, ба як мошини боркаш бархӯрдааст.
Диловарро дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд, вале табибон натавонистанд, ки ӯро аз марг наҷот диҳанд. Ӯ ҳамагӣ 46 сол дошт.
Диловар Зуҳуриён аз оҳангсозони ҷавон, вале шинохтаи тоҷик аст, ки барои овозхонҳои маъруфе, чун Сурайё Қосим, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Манижа Давлатова ва чандин ситораи дигари эстарадаи тоҷик оҳанг менавишт. "Дили дардманди маро” дар иҷрои Манижа Давлатова ва "Гӯшаи бом” дар иҷрои Сироҷиддини Фозил ва Манижа аз машҳуртарин таронаҳои ин овозхони ҷавонмарг буданд.



 



Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку