Расонаи иттилоотӣ
image

ДАРГУЗАШТИ БОЗОРБОЙ ОДИНАЕВ – МУАЛЛИФИ ТАРОНАИ “МАН АҲЛИ ХУРОСОНАМ”

ЧЕҲРАҲО 17-июл, 07:27 261 0
Бозорбой Одинаев, овозхони ансамбли “Шашмақом”-и вилояти Хатлон рӯзи 16 июл дар хонааш дар деҳаи Дониёрқули ноҳияи Кӯшониён дар синни 55 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи яке аз наздиконаш, Бозорбой Одинаев чанд рӯзи охир аз бемории монанд ба коронавирус ранҷ мекашид ва дар хона табобат мегирифт. МУАЛЛИФИ ТАРОНАИ “МАН АҲЛИ ХУРОСОНАМ”  медод ва ахиран ба ансамбли “Шашмақом” ба кор гузашт, чун мехост барои эҷод вақти бештар дошта бошад.Дар мактаб шогирдон хеле хастаам мекунанд, мегуфт. Акнун орзу дошт, ки ҳама таронаҳояшро гирд биорад ва дар студияҳои ҳирфаӣ сабт ва клип кунад, вале умр вафояш накард”, – гуфт яке аз дӯстони Бозорбой Одинаев ба пойгоҳи хабарии “Бомдод”. Бозорбой Одинаев таронаи зиёд надошт, вале дар интихоби ҳар тарона заҳмати зиёд мекашид ва аз ин рӯ, таронаҳоеро интихоб мекард, ки мазмуни баланд дошта бошанд. “Ман аҳли Хуросонам”, “Эй Ватан”, “Чилдухтарон” аз ҷумлаи таронаҳоеянд, ки аз ин овозхон ба ёдгор мондаанд. Дар соли ҷорӣ Бозорбой Одинаев дастикам чорумин ҳунарманди тоҷик аст, ки қурбони коронавирус мешаванд. Овозхони шинохта Қурбоналӣ Абдуллоев ҳанӯз дар аввали сол – моҳи январ аз коронавирус фавтид. Қурбоналӣ Раҳмон, овозхони дигари маҳбуби мардум ҳафтаи гузашта ва ҳунарпешаи маъруфи театру синамо Шералӣ Абдулқайсов ҳафтаи равон ба иллати коронавирус тарки ин дунё ва мову шумо карданд. Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14 ҳазор ва шумори қурбониёнаш ба 110 нафар расидааст. Танҳо аз аввали моҳи июл дар кишвар, бар асоси омори расмӣ, 20 нафар қурбони коронавирус шудаанд. 17.07.2021 ДАРГУЗАШТИ БОЗОРБОЙ ОДИНАЕВ – МУАЛЛИФИ ТАРОНАИ “МАН АҲЛИ ХУРОСОНАМ”   Karim 16 ч. назад Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиун Худо раҳматат кунад! Бозорбой Одинаев, ҳунарманди хуб, ҳамдеҳаи беозору дӯсти хонаводаамон фавтидаанд. Худованд раҳматат кунад. Ҳеҷ боварам намешавад, ки дигар нестед. 7 25 1 Бозорбой Одинаев - Ман аҳли Хуросонам YOUTUBE.COM Бозорбой Бозорбой Одинаев Одинаев - Ман аҳли Хуросонам уросонам Бозорбой Бозорбой Одинаев Одинаев - Эй 
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку