Расонаи иттилоотӣ
image

АШКҲОИ ШОДИИ ИСМАТОВҲО: СОҲИБКОРИ ТОҶИК ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН БОЗ БА ЯК ОИЛАИ МУҲТОҶ ХОНАЮ ҲАВЛӢ ТУҲФА КАРД

ЧЕҲРАҲО 17-июл, 07:16 216 0
Пас аз тамошои видеои “Зиндагии 17 нафар дар як хона” аз рӯзгори талхи оилаи Исматовҳо, ки 17 нафар, аз ҷумла бо 5 фарзанди нобино, дар ҳуҷраи танги як хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, соҳибкори шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, раҳбари ширкати сохтмонии «Сарманзил”, ба аёдати ин хонавода омада, барои ҳамсояҳои онҳо чанд деги калон монда, ош дод ва сипас аз Исматовҳо хоҳиш кардааст, ки ба мошинҳои овардааш савор шаванд. Рустам Азимӣ, хабарнигори нашрияи “Оила”, ин лаҳзаҳоро чунин ба риштаи тасвир кашидааст: “Касе аз аҳли оила намедонист, ки соҳибкори маъруф онҳоро ба куҷо мебарад, вале… Баъдтар маълум шуд, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов барои ин оилаи камбағал дар маркази шаҳр ҳавлии хеле калон ва зебою пуршукӯҳе харида, алакай онро таъмир намудааст. Вақте ки калиди ҳавлиро ба дасти Исматовҳо Видео Иқтисод Ҷомеа 16.07.2021 АШКҲОИ ШОДИИ ИСМАТОВҲО: СОҲИБКОРИ ТОҶИК ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН БОЗ БА ЯК ОИЛАИ МУҲТОҶ ХОНАЮ ҲАВЛӢ Т…  супурданд, тамоми аҳли оила зор-зор гиря карданд, вале ин ашкҳо ашки шодӣ буданд.”  Манзили нави Исматовҳо аз 5 ҳуҷра ва ҳавлии калон иборат буда, бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолину парда, телевизор, яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, дастгоҳи хӯрокпазӣ ва косаву табақ таъмин карда шудаанд. “Соҳибкори раҳмдил ғами хӯрду хӯроки маъюбонро низ хӯрда, анвои хӯрокаро аз қабили орду равған, биринҷу шакар, картошкаву пиёз ва ғайра захира намудааст, то Исматовҳо аз ягон чиз танқисӣ накашанд. Маҳмудҷон Муродов ҳамчунин барои се фарзанди ин оила, ки дар Русия дар муҳҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, чиптаи ҳавопаймо харид, то ба Ватан ба назди волидон ва зану фарзандонашон баргардад”, – менависад Рустам Азимӣ, ки маҳз бо шарофати навори видеоии таҳиякардаи ӯ оилаи Исматовҳо соҳиби хонаи худ шуд.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку