Расонаи иттилоотӣ
image

Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед бо писараш футбол бозид

ЧЕҲРАҲО 16-июл, 13:22 482 0
Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Фарзонаи Хуршед бо писараш футбол бозид

 Овозхони номдори тоҷик Фарзонаи Хуршед дар саҳифааш дар Instagram ян навори нав нашр кардааст, ки дар он ҳамроҳи писараш футбол мебозад.
Зоҳиран дида мешавад, ки сароянда барои ҳунарнамоӣ омода шудааст ва дар тан пироҳани зебои гӯлобӣ дорад.
Вале, ба гуфти худаш барои писараш фарқ надорад, ки модар чӣ пӯшоке дораду ба ҷое дер мекунад.
"То ман бо ӯ футболбозӣ накунам маро аз хона баромадан намемонад. Барои ӯ фарқе надорад, ки дер карда истодаам ё ин ки лисбоси мувофиқ надорам", - навиштааст Фарзона ва писарашро чемпион хондааст.

Ҳамвандони сароянда аз ин бозии модару писар ба ваҷд омадаанд ва қайд мекунанд, ки модар бояд ҳамингуна бошад.

Мухлисонаш мегӯянд, модар бояд дар тарбияи фарзанди худ аз уҳдаи ҳамаи кор барояд.
Ногуфта намонад, ки Фарзонаи Хуршед соҳиби ду фарзанд як писару як духтар мебошад. Номи духтараш Закия ва писараш Муҳаммад аст.
Ин фарзандони ӯ ва ҳамсари собиқи Фарзона сарояндаи дигари эстрадаи тоҷик Фаридуни Хуршед мебошад.


Фаридуни Хуршед соли 2019 баъди ҷудо шудан аз Фарзона, бори севум издивоҷ карда буд.
Он замон расонаҳо навиштанд, ки тӯйи Фаридун хоксора баргузор гардида, исми ҳамсари севумаш расонаӣ нест.
Фаридуни Хуршед аз издивоҷи сеюмаш соҳиби як писар аст.
Печать
Похожие новости
Комментарии - всего 0
Оставить комментарий

Обуна шавед

Введите адрес электронной почты ниже, чтобы подписаться на нашу рассылку